Ӯҳдадории гаравӣ чист?

Гарав, ин молу мулки манқул, моддӣ ё ғайримоддӣ, ки кафолати гарави гирифтаро дорад.

Ҷустуҷӯй

Барои дастрасӣ пайдо кардан ба ҷустуҷӯи сабтҳои феҳрист, худро номнавис кунед

Бақайдгирӣ

Агар шумо гаравро ба қайд гирифтан хоҳед, ба инҷо дохил шавед
Сарсаҳифа
Хабарҳо

Феҳристи ягонаи давлатии ӯҳдадориҳои гаравӣ

-Бақайдгирии гаравҳои молу мулки манқулро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо меоварад.

-Феҳрасти ягонаи давлатии ӯҳдадориҳои гаравӣ - манбаи иттилоотии маълумоти ӯҳдадориҳои гаравҳо, ки дар мақомоти дахлдори адлия оид ба бақайдгирии шартномаҳои гарав таъсис дода ва пеш бурда мешавад.

-Мақоми бақайдгиранда воситаҳои электрониро барои дохил намудани маълумот оид ба хабарномаҳои гаравӣ, инчунин бо мақсади ҷустуҷӯи онҳо таъмин мекунад. Маҳзани маълумоти Феҳрасти ягонаи давлатӣ дорои маълумоти расмӣ мебошад. Хабарномаи гаравӣ аз лаҳзаи қайди воридшавии он ба мақоми бақайдгиранда пешниҳодшуда ба ҳисоб меравад

-Феҳрасти ягонаи давлатии ӯҳдадориҳои гарав –дар асоси моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гарави молу мулки манқул" ва «Тартиби бақайдгирии гаравҳо ва пешбурди Феҳрасти ягонаи давлатии уҳдадориҳои гаравӣ”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2015 № 603 тасдиқ шудааст ва Дастуруламал дар бораи тартиби бақайдгирии гаравҳои молу мулки манқул тавассути шабакаи интернетӣ, ки бо фармоиши Вазири адлияи Ҷумхурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст таҳия гардидааст.
Тамос call
+992 37 227 38 69
Суроға location_on
734000, Душанбе, х.Рӯдакӣ 25
Email email
info@fehrist.tj
Пайвандҳои муфид
Пайвандҳои муфид